« Забони Модарӣ » и устод Бозор Собир оҳанги Саидкул Билолов
>> YOUR LINK HERE: ___ http://youtube.com/watch?v=pC1eSpEt0XY
https://www.bozorsobir.com • https://www.bozorsobir.com/books • https://en.wikipedia.org/wiki/Bozor_S... • / bozorsobir • ЗАБОНИ МОДАРӢ • Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, • Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, • Суннати волою девон дошт, дод, • Тахти Сомон дошт, дод. • Душмани донишгадояш «Дониш»-и Сино гирифт, • Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт, • Душмани суратпарасташ сурати Беҳзод бурд, • Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт. • Дод ӯ аз даст гурзи Рустаму Суҳробро, • Барбарони нотавонеро тавоно кард ӯ. • Номи худро ҳамчу гӯри Рӯдакӣ аз ёд бурд, • Қотилони хешро машҳури дунё кард ӯ. • Қомати кӯтоҳи манғит • Аз манори каллаи аҳли Хуросон шуд баланд, • Пастии саҳрои Қипчоқ • Аз баландии Бадахшон шуд баланд. • Халқи тоҷик - • Халқи армон, • Об дар чашм • Чун ятимон, • Дар лабаш хашм • Чун асирон, • Аз Ватан то бар кафан ҳар буду нобуде, ки буд, • Бар ватанталбу кафанталбандаҳо бахшиду дод, • Душмани дарвеши худро • Шоҳу доро карду худ дарвеш шуд. • Дар миёни тангчашмоне, ки дар чашмонашон • Солҳои тангиро медид ӯ, • Гаҳ дар оташ, • Гоҳ дароб, • Таҳ ба таҳ бо сӯхтанҳои манори суғдиёнаш сӯхт, сӯхт, • Бо харобиҳои девору дари Афросиёбаш шуд хароб. • Лек лафзи модариаш • Ҳамчу шири модараш • Дар забону дар даҳонаш монд, монд, • Ҳар сухан бо шири модар • Сахт шуд дар устухонаш, монд, монд. • Худ ба худ дар гӯшаи хоки диёр • Аз ҷудоӣ, • Аз ғарибӣ • Ӯ гиристу гиряҳо бар обшорон ёд дод, • Лафзи кӯҳистоние бар боду борон ёддод, • Рӯдҳоро Рӯдакидон кард ӯ, • Бодҳоро Анварихон кард ӯ. • Рӯзи ноободиаш тоҷик забон обод кард, • Дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард - • Давлате аз ҳарфи вазнин, • Давлате аз шеъри рангин, • Аз чунон шеъре, ки ҳар як мисрааш • Ҷӯяе аз хуни сарбозони ӯст, • Тораи нуре аз оташҳои зардуштони ӯст. • Гӯиё чун сайди маҷрӯҳ • Ӯ ҷароҳатҳои худро • Гаштаву баргашта лесид, • Бо забони худ даво кард. • Дар сарояш тоҷик аз бахти нагун • Гарчи бо габру мусулмон • Ҳамсаро буд, • Ҳамрасулу ҳамхудо буд, • Дар забон аммо ҷудо буд. • Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои Ӯ, • То наафтанд аз забони хештан, • Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ, • То наафтад бар замин қадри сухан... • Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон • Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст, • То забон дорад, ватандор аст ӯ, • То забондор аст, бисёр аст ӯ. • Бозор Собир • • • • • • • Bozor Sobir, Бозор Собир, بازار صابر, Бозор Собір, • Аз хуни Сиевушем, Сиявуш, Девори Бухоро, Оташи Зардушт, Дубора созамат Ватан, Ҷои ту холист, Ту ними мани, Дидори Ватан, • ، ایران ، دوشنبه ، تاجیک ، تاجیکستان ، بازار صابر، زبان مادری ، تاجیکی ، دری ،شعر فارسی ، بخارا، سمرقند، تاجیک ، • ، دوباره یسازمت وطن ، آتش زرتشت ، از آتش زرتشتیم ، خون سياوش ، استقلال ، استاد بازار صابر، از خون سياوشيم ، فارسی ، • az khuni siyovushem dobara sazamat vatan atash zardosht Istiqlol istiklol dushanbe stalinabad bukhara farsi persian dari forsi iran persian poetry bozor sobir stalinobod samarkand тadzhikistan тadjikistan тоҷикистон бозор собир хуни сиевуш самарканд забони модарӣ бухоро озоди истиқлол персидский фарси бухара персидская поэзия истиклол истиқлолият ахбор забони модари новости таджикистан душанбе сталинабад чои ту холист кишлокаки ман буи чапоти дора точикистон
#############################
